Ссылки доступа

Ҷон Керри: ИМА комилан ҳампаймони НАТО аст


Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА иттифоқчиёни кишвараш дар НАТО-ро эътимод бахшид, ки ИМА дар масъалаи пуштибонӣ аз онҳо уҳдадориашро комилан нигаҳ медорад.

Ҷон Керрӣ дар Вашингтон гуфт, ки дастгоҳи президенти амалкунанда, мисли масъулони пешин, ба созмони низомӣ содиқ мемонанд ва уҳдадориашонро тибқи моддаи 5 созишномаи Атлантикаи Шимолӣ нигаҳ медоранд.

Тибқи ин модда, ҳамлаи мусаллаҳона ба як ё чанд кишвари узви НАТО ҳамчун ҳамла ба ҳамаи аъзои НАТО баҳо дода мешавад. Ҷон Керрӣ илова кард, ки ин уҳадодорӣ шарти бунёдии ширкати ИМА дар НАТО аст.

Ин изҳороти котиби давлатӣ дар пасманзари нашри мусоҳибаи номзад ба мақоми президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар нашрияи New York Times, садо додаанд. Трамп дар он мусоҳиба гуфтааст, ки агар президент интихоб шавад, дар сурати ҳамлаи Русия ба кишварҳои Балтик, билофосила ба кумаки онҳо нахоҳад шитофт.

Трамп гуфтааст, ки дар навбати аввал масъалаи "иҷрои уҳдадориҳо"-и ин кишварҳоро нисбати ИМА хоҳад омӯхт, қабл аз он ки ба кумаки онҳо шитобад.

XS
SM
MD
LG