Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "Ҷунда"-ро барои партофтани гази нафт ҷарима бастанд


Корхонаи коркарди нафти "Ҷунда"-и Қирғизистон, воқеъ дар наздикии шаҳри Қараболтаро барои партофтани гази карбогидриди нафт ҷарима намудаанд.

Дар ин бора Бозрасии давлатии бехатарии экологӣ ва техникии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар корхонаи мазкур ҳангоми таъмир меъёрҳои техникӣ вайрон шуда, ки боиси партофта шудани гази карбогидриди нафт гардидааст. Дар робита ба ин ҳодиса санҷиш сурат гирифта, корхона ҷарима шудааст.

Инчунин сокинони деҳаи Ново-Николаевка шикоят кардаанд, ки аз тарафи корхонаи "Ҷунда" бӯйи ғализи кимиёӣ меояд.

Корхонаи коркарди нафти "Ҷунда" бо сармояи Чин барои истеҳсоли беш аз 800 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар як сол сохта шудааст. Вале то ҳол нисфи иқтидори он ба кор надаромадааст.

XS
SM
MD
LG