Ссылки доступа

Дар Хакасияи Русия бештар аз 240 зиндонӣ ошӯб барпо карданд


Дар зиндони рақами 35-и шаҳри Абакани ҷумҳури Хакасияи Русия ошӯб бархостааст. Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ таъсис додаанд. Дар ин бора бахши Кумитаи тафтишотии Русия дар Хакасия хабар медиҳад.

Ошӯб бо иштироки 242 зиндонӣ шаби якшанбе оғоз шуда, танҳо субҳи рӯзи душанбе саркӯб шудааст. Мақомот мегӯянд, барои хомӯш кардани ошӯб нерӯҳои вижа ҷалб гардидаанд. Дар ин бетартибиҳо касе осеб надидааст. Танҳо яке аз биноҳои зиндон зарар дидааст. Зиндониён дари биноро шикаста, ҷиҳози дохили ҳуҷраҳоро паҳну парешон карда ва ашёи мухталифро аз тиреза партофтаанд.

Бино бар иттилои эҳтимолӣ, ин ошӯбро зиндоние, ки бо айби мошиндуздӣ ҳабс шудааст, созмон додааст. Ширкатдорони ошӯб сабукӣ талаб кардаанд. Ба вижа, напӯшидани дастбанди дорои ному насаби зиндонӣ, сигоркашӣ дар ҷои писандидаи зиндониён ва ҳамчунин адои ибодат дар вақту замони номаҳдуд аз талабҳои ошӯбгарон будааст.

XS
SM
MD
LG