Ссылки доступа

Таассуфи WADA аз қарори КБО, ки варзишгарони Русия ба бозиҳои Олимпӣ роҳ дод


Оҷонсии байналхалқии зиддидопингӣ (WADA) аз қарори Кумитаи байналхалқии Олимпӣ (КБО), ки тавсияҳоро ба инобат нагирифта ва тими Русияро аз ширкат дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро маҳрум накард, мутаассиф шудааст.

Тавре роҳбари оҷонсӣ Крейг Риди мегӯяд, гузорише, ки Ричард Макларен барои WADA омода карда буд, мавҷуд будани барномаи допингӣ дар Русия зери назари мақомотро собит месохт. Оҷонсӣ ба КБО тавсия дода буд, ки тими Русияро аз бозиҳои Олимпӣ маҳрум созад. Аммо КБО қарори мусолиҳатомез қабул кардааст.

Акнун тақдири варзишгарони Русияро федератсияҳои байналхалқии навъҳои алоҳидаи варзиш ҳал мекунад. Ин навъи бархурд, мегӯяд WADA, ба мушкилоти мавҷуд набудани ҳамоҳангӣ ва ҳифзи ноустувори "варзишгарони холис" мерасонад, хабар медиҳад Рейтер.

Бозиҳои Олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август доир мешавад. Чанд варзишгари рус аллакай иҷозаи шират дар бозиҳоро пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG