Ссылки доступа

Дар Туркия даҳҳо рӯзноманигорро боздошт карданд


Мақомоти Туркия дар идомаи иқдомҳои ҷавобӣ ба табаддулоти нофарҷоми шаби 15 ба 16 июл қарори ҳабси 42 рӯзноманигорро содир карданд. Дар ин бора воситаҳои ахбори оммаи ин кишвар иттилоъ додаанд.

Бино ба гузориши телевизионҳои NTV ва CNN-Turk, ҳамчунин барои дастгир кардани барандаи телевизион ва вакили пешини порлумони Туркия Назлӣ Иличак амр шудааст. Вай соли 2013 аз ҷойи кораш дар рӯзномаи ҳукуматии Sabah барои танқиди вазироне, ки исмашон дар қазияи баҳсбарангези коррупсионӣ гирифта мешуд, ронда шуд.

Ҳукумати Туркия гуфт, пушти моҷарои баҳсбарангези коррупсионии соли 2013 Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА, ки Анқара ҳоло ӯро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор мекунад, меистад.

Дар Турия дар робита ба сарнагун кардани ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон беш аз 60 ҳазор нафар (аз ҷумла низомиён, кормандони пулису додрасҳо, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ) аз вазифаҳои барканор, боздошт ё нисбаташон тафтишот шуруъ шудааст. Баъди ин исён Эрдуғон гуфт, ҳукми қатл дар кишвараш дубора барқарор карда мешавад.

XS
SM
MD
LG