Ссылки доступа

Парвандаи куштори Немтсовро ҳайати мунсифаи додгоҳ баррасӣ мекунад


Додгоҳи минтақавии Москва интихоби ҳайати мунсифаро барои баррасии парвандаи куштори сиёсатмадори мухолифи рус Борис Немтсов ба рӯзи 24 августи соли равон гузоштааст.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи мазкур иттилоъ додааст. Баррасӣ шудани парвандаи қатли Немтсов аз сӯи ҳайати мунсифаи додгоҳро қаблан вакилони дифоъ дархост карда буданд.

Мурофиаи нахустини парвандаи куштори сиёсатмадори мухолифи рус 25 июл оғоз шуда, ба рӯзи сешанбе гузошта шуд. Ин мурофиаҳо пушти дарҳои баста барпо мешавад. Пеш аз оғози мурофиа дар назди бинои додгоҳ эътирозҳои инфиродӣ бо талаби муайян кардани фармоишгарони қатли Немтсов баргузор гардид. Эътирозгарон ҳамчунин талаб намуданд, дар робита ба ин парванда Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон, ки хеши яке аз гумонбарони кушташудаи ин ҷиноят маҳсуб аст, бозпурсӣ шавад.

Дар куштори Немтсов 5 нафар, як афсари пешини нерӯҳои дохилӣ Заур Дадаев ва чаҳор сокини Чеченистон айбдор мешаванд. Рӯзи душанбе додситонӣ хост, муҳлати ҳабси гумонбарон дароз шавад. Борис Немтсовро шаби 28 ба 29 феврали соли 2015 дар маркази Москва паронданд.

XS
SM
MD
LG