Ссылки доступа

Амнияти Аҳмадбойи "қаллоб"-ро сардори ШКД таъмин мекардааст


Дар ҳоле ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон парвандаи пирамидаи молии соҳибкор Аҳмад Турсуновро дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканд таҳқиқ менамоянд, Отабек Ғанибеков, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия аз вазифааш барканор шудааст.

Ҳоло ба ҷои ӯ подполковник Шуҳрат Темуров сардори нави РКД Чиноз таъйин гардидааст.

Манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Тошканд мегӯяд, сардори нав дар ҷаласаи нахустинаш гуфтааст, кормандони пулис набояд унвони хизматчии давлатияшонро аз даст бидиҳанд ва бо соҳибкорони маҳаллӣ тиҷорат кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз Аҳмадбой на танҳо кормандони пулис, додситонӣ ва ҳокимият, балки мақомҳои баландпояи давлатии Тошканд низ ҳимоят мекардаанд.

"Сардори РКД Чиноз амнияти Аҳмад Турсуновро таъмин карда, ҳатто дар раванди муҷозоти шахсоне, ки зидди соҳибкор мебаромадаанд, иштирок доштааст. Ҳар касе аз Аҳмадбой ба пулис ё додситонӣ шикоят мебурдааст, зуд ба бунёдгузори пирамидаи молӣ мерасонидаанд. Пулиси ноҳия ва додситонӣ барои Аҳмадбой кор мекардаанд. Маҳз ба хотири ин сабабҳо додситони Чинозро аз вазифа сабукдӯш карданд", - изҳор дошт манбаъ.

Зимни барномаи телевизионҳои Ӯзбекистон дар бораи Аҳмадбой ибтидои моҳи равон гуфта шуд, ки мансабдорони маҳаллию кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо ба қаллобӣ ва амалҳои ҷинояткоронаи соҳибкор чашм пӯшидаанд, балки шарикони наздикаш низ будаанд. Дар ҳоли ҳозир Аҳмад Турсунов, маъруф ба "Аҳмадбой" дар тамаъҷӯию қаллобӣ ва бар пояи моддаҳои дигари кодекси ҷиноии Ӯзбекистон айбдор аст.

XS
SM
MD
LG