Ссылки доступа

Тоҷикистон тасмим гирифт, ба Қирғизистон барқ нафурӯшад


Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба иллати зиёд шудани талаботи корхонаҳои саноатии шимоли кишвар ба нерӯи барқ, онҳо наметавонанд Қирғизистонро бо барқи дархосткардааш таъмин кунанд.

Вай гуфт, ҷониби Қирғизистон имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ дархост кардааст. “Аммо дар шароити феълӣ минтақаи шимоли мо ба нерӯи барқ ниёз дорад. Дар он ҷо корхонаҳои зиёди саноати шабонарӯз ва бо иқтидори зиёд фаъолият доранд”, - гуфтааст вай.

Ба гуфтаи вазир, имсол ҳам чун солҳои пешин ҷониби Қирғизистон барои ҳар киловат соат ба Тоҷикистон 2,5 сент пешниҳод кардааст. Аз Қазоқистон ҳам барқ бо ҳамин нарх пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад, соли гузашта ба Қирғизистон 200 миллион киловатт-соат барқ фурӯхта шуда буд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қайд намуд, ки дар қиёс бо солҳои пешин имсол содироти барқ ба хориҷи кишвар бештар шудааст: “Ҳоло бозорро ба тарафи Афғонистон бурда истодаем. Содироти барқ ба Афғонистон феълан ба 638 миллион киловатт-соат баробар шудааст”.

Усмонзода таъкид кард, ки дар соли 2015 бо вуҷуди он, ки соли сероб буд, ба миқдори 4 миллиард киловатт-соати нерӯи барқ талаф ёфт: “Ҳоло об аз обанборҳо, аз ҷумла аз обанбори Норак бидуни тавлиди барқ партофта мешавад. Соли гузашта обе, ки муодили 4 миллиард киловатт-соат буд, бе истеҳсоли барқ партов шуд".

XS
SM
MD
LG