Ссылки доступа

Расонаҳо: моликияти "Себат" арзиши беш аз $100 млн-ро дорад


Арзиши моликияти созмони таълимии "Себат" дар Қирғизистон аз марзи 100 миллион доллар мегузарад ва шумори кормандони созмонҳои тобеъаш бошад, 2200 нафарро дар бар мегирад.

Созмони таълимии "Себат" мутааллиқи ҷонибдорони руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст. Дар ҳоли ҳозир дар саросари Қирғизистон 16 литсей фаъолият дорад, ки дар нуҳ литсей таълими ибтидоӣ ва миёна ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ду мактаби байналхалқӣ - Silk Road ва Cambridge, инчунин донишгоҳи байналхалқии "Ататюрк - Алатоо" дар ин кишвар фаъолият мекунад.

Шаби 16 июли соли ҷорӣ дар Туркия талоши табаддулоти давлатӣ рух дод, мақомот аз ин табаддулот пешгирӣ карданд. 290 нафар кушта, наздики 1400 тани дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Туркия бар ин назаранд, ки руҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен ин табаддулотро роҳандозӣ кардааст. Гюлен дар ИМА ба сар мебарад. Анқараи расмӣ талаб дорад, ки ин руҳонӣ боздошт ва ба Туркия истирдод шавад.

Баъдтар вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу гуфт, дар Қирғизистон таъсири ҳаракати Гюлен густариш меёбад. Чавушоғлу афзуд, ки роҳбарияти Қирғизистонро дар бораи хатари ин ҳаракат огоҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG