Ссылки доступа

Дар Туркманистон Бонки марказӣ табодули асъорро барои корхонаҳо манъ кард


Бино бар иттилои расонаҳо, Бонки марказии Туркманистон 25 июл тамоми табодули асъорро барои корхонаҳо ва созмонҳои ҳамаи навъи моликият комилан манъ кардааст. Аз ин ба баъд танҳо президент ҳақ дорад ба бонк дастур диҳад, то ба ин ё он корхона ё созмон хизматрасонии табодули асъорро анҷом диҳад ва он ҳам танҳо дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ.

Ин маънои онро дорад, ки соҳибкороне, ки ба содироту воридоти моли хориҷӣ, аз ҷумла ғизо ва молҳои саноатӣ машғуланд, акнун наметавонанд ба шарикони хориҷиашон пул пардохт кунанд. Чунин маҳдудиятҳо аз моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ шуда буд, аммо он замон ба маводи ғизоӣ ва маҳсулоти саноатӣ дахл намекард.

Ба суоли ин ки оё соҳибкорон метавонанд аз суратҳисоби бонкии худ ба хориҷ пул интиқол диҳанд, як манбаъ аз бахши молии Туркманистон гуфтааст, танҳо чанд соҳибкори ангуштшумор дар суратҳисоби худ доллари ИМА доранд. Соҳибкорони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки иқдоми мазкур муваққатӣ аст, дар сурати ғайр кишвар "ба асри гузашта, замоне, ки молу маҳсулотро аз Москва бо борхалтаҳо меоварданд, бармегардад".

Бино бар иттилои Бунёди байналхалқии асъор (ББА), Туркманистон "аз ноустувориҳои хориҷӣ зиёни ҷиддӣ дид". Дар робита ба ин Туркманистон як даста иқдомҳои иқтисодиро рӯи даст гирифтааст.

XS
SM
MD
LG