Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон зидди беш аз 10 имом-хатиб парванда боз кардаанд


Дар шаш моҳи аввали соли равон зидди16 имом-хатиб ва дигар ходимони масҷидҳои вилояти Суғд бо гумони фаъолият дар созмони мамнуи динии “Ихвон-ал-муслимин” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд иттилоъ медиҳад. Назарзода афзуд, ки дар нимаи аввали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 раҳбар ва узви ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаааст.

"Ихвон-ал-муслимин" созмони байналмилалии динию сиёсӣ буда, соли 1928 дар Миср таъсис ёфтааст. Баъди сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, президенти пешини Миср дар соли 2013 номи ин ҳаракат ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид карда шуд. Фаъолияти он дар Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб манъ аст.

Моҳи гузашта додгоҳе дар Тоҷикистон 7 имом-хатибро бо айби таблиғи ақидаҳои "Ихвон-ал-муслимин" ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Ибтидои моҳи равон мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтанд, боз як узви эҳтимолии "Ихвон-ал-муслимин"-ро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG