Ссылки доступа

Корпартоии нафткашҳои қазоқ дар Мангистау


Садҳо корманди ширкати нафткашии "Бургилау"-и вилояти Мангистауи Қазоқистон субҳи имрӯз дар вақти муайяншуда, ба кор набаромаданд ва чанд шартеро низ дар назди корфармояшон гузоштаанд.

Гуфтушунид миёни онҳо ва намояндагони ширкату мақомот бенатиҷа анҷом ёфт.

Ин садҳо нафар дар назди истгоҳи автобусҳои Жанаозен, ки одатан аз инҷо бояд ба макони пармакунӣ тавассути нақлиёт мерафтанд, ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, аз коҳиши соатҳои корӣ ва ҳаҷми маошашон норозиянд.

Ба гуфтаи таҷаммуъгарон, раҳбарият ин иқдомро ба буҳрон ва норасоии пул рабт додааст. Дар ҳоле ки онҳо мегӯянд, нақшаи истихроҷи нафт аз қубурҳо иҷро мешавад.

Коргарон иддао доранд, корфармо фаъолонеро, ки аз номи онҳо сухан мегӯянд, таъқиб намуда, аз кор озод менамоянд. Таҷаммуъгарон талаб доранд, ки мудири кулли "Бургилау" Асхат Сариев, ки ба гуфтаашон, ин ҳама кори ӯст, аз вазифааш барканор шавад.

"Соатҳои кории моро кам мекунанд. Дар ширкат 2200 нафар кор мекунад, ки дар нимсолаи аввал 66 кас аз кор ронда шуд", - мегӯяд ёрдамчии оператор Оқилбек Нурлибаев.

Таҷаммуъгарон ҳамчунин норозигияшонро нисбати иттифоқи касабаи корхона баён карда, хостаанд, Садуаккас Беккалиев, ки худ қаблан ӯро раиси ин иттифоқ интихоб карда буданд, дубора ба кор гирифта шавад. Аммо худи Беккалиев миёни таҷаммуъгарон ҳузур надошт. Ба гуфтаи онҳо, ӯро барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис бурдаанд. Гирдиҳамомадагон мегӯяд, рӯзи чаҳорум аст, ки ҷамъ шудаанд, вале корфармо ва мақомоти маҳаллӣ то омадани намояндагони ВАО ба наздашон амали онҳоро нодида мегирифтанд.

Асхат Сариев, мудири кулли "Бургилау", ки дар назди таҷаммуъгарон ҳузур дошт, фишор болои коргарон дар ширкати зери раҳбарияшро беасос хонд.

XS
SM
MD
LG