Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бо ташаббуси президент мехоҳанд, Конститутсияро тағйир диҳанд


Фраксияҳои ҲСДҚ, "Республика - Ота-Журт", "Онугуу-Прогресс" ва "Киргизистан"-и порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки ба Қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид карда шавад.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Исо Омурқулов, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қирғизистон рӯзҳои наздик ба баррасии омма гузошта шуда, баъдан барои муҳокима ба порлумон фиристода хоҳад шуд ва интизор меравад, тирамоҳи соли 2016 дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор шавад.

"Шаҳрвандон метавонанд, лоиҳаро озод биомӯзанд, баррасӣ кунанд ва пешниҳоду иловаҳояшонро ироа кунанд. Ин ташаббуси худи президент аст. Густариши салоҳияти сарвазир, суръат бахшидан ба ислоҳоти мақомоти додгоҳӣ ва як қатор тағйироти дигар пешбинӣ шудааст", - гуфт Омурқулов.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ санаде нашр гардид, ки зери он Чинибой Турсунбеков, раиси порлумон ва Исо Омурқулов, раиси ҲСД Қирғизистон имзо гузоштаанд. Дар ин санад раиси порлумони Қирғизистон дастур додааст, ки лоиҳаи қонунҳои марбут ба раъйпурсӣ ва тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар дар сомонаи kenesh.kg нашр карда шавад.

XS
SM
MD
LG