Ссылки доступа

Таркиши мошини додситон дар Бишкек


Дар деҳаи Орто-Сай, воқеъ дар ҷанубу ғарби шаҳри Бишкек як мошин мунфаҷир шудааст.

Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, гуфтааст, дар натиҷаи таркиш як нафар захмӣ гардид.

Ин мошин тақрибан соатҳои 9:00-и субҳи 29 июл таркида, шахси маҷруҳ дар беморхона бистарӣ аст. Бар пояи баъзе аз маълумот, нафаре, ки дар натиҷаи ин таркиш маҷруҳ шуд, Эркин Курманалиеви 34-сола, корманди додситонӣ аст.

Рӯйи Курманалиев сӯхтаву як чашм ва банди дасташ бекор шудааст. Дар ҳоли ҳозир табибон ӯро ҷарроҳӣ менамоянд, вале вазъаш вазнин гуфта мешавад.

Кормандони пулис феълан ба тафтиши ҳодиса машғуланд.

XS
SM
MD
LG