Ссылки доступа

Дар Туркманистон қимати маҳсулоти ғизоӣ ва молҳо боло рафт


Болоравии навбатии нархҳо дар моҳи июл дар Туркманистон барои ин кишвар ба як меъёр табдил шудааст. Ин болоравӣ баъди он ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти кишвар гуфт, аз 1 январи соли 2017 маош, нафақа, ёрдампулӣ ва идрорпулӣ 10 дарсад боло хоҳад рафт, сурат гирифтааст.

Дар бозорҳои шаҳрҳои Губадаг ва Болдумсаз ҳанӯз як моҳ пеш як килограмм шакар 3-3,2 манат арзиш дошт, имрӯз онро бо нархи 4-4,5 манат мефурӯшанд. Дар пойтахти он кишвра шакарро бо қимати 4 манат ва дар бархе ҷойҳо то 6 манат мефурӯшанд. (Як доллар расман ба 3,5 манат баробар аст).

Дар шаҳрҳои Балканобод ва Туркманбошӣ арзиши маҳсулоти воридотӣ ва ғизоӣ боло рафтааст. Барои мисол, қимати як литр равғани растанӣ ба 8 манат расидааст.

Болоравии нархҳоро дар ин кишвар ба уфти умумии иқтисодӣ, қатъи табодули асъор барои соҳибкорон ва болоравии маош дар моҳи январи соли оянда рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG