Ссылки доступа

Сарвазири Қазоқистон барои дучархасаворӣ дар шоҳроҳ ҷарима пардохт


Карим Масимов, сарвазири Қазоқистон дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки барои дучархасаворӣ дар шоҳроҳи вилояти Акмолин дар ҳаҷми 10 605 танга (муодили 30 доллари ИМА) ҷарима пардохтааст, хабар медиҳад Казинформ.

Ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани Масимовро фаъолони созмони "Нозирони шаҳрвандӣ" аз Остона талаб кардаанд. Талаби ҷалби ҷавобгарӣ баъди нашр шудани аксҳои сарвазир ҳангоми дучархасаворӣ дар шоҳроҳ ба миён омад

Акнун Карим Масимов дар Инстаграм акси дучархасавориаш ва ҳам акси расиди пардохти ҷаримаро нашр кардааст.

Дар расонаҳои қазоқӣ аксҳои Масимов нашр шудаанд, ки вай "субҳашро бо машқи пагоҳӣ оғоз мекунад".

XS
SM
MD
LG