Ссылки доступа

Норасоии бензин дар Тошканд


Дар Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории (НФС) шаҳри Тошканд - пойтахти Ӯзбекистон норасоии бензин дубора мушоҳида мешавад.

Кормандони НФС пеш аз нисфирӯзӣ алакай ронандаҳоро хоҳиш менамоянд, ки барои харидории бензин соати 4 субҳи рӯзи дигар биёянд. Ин рӯзҳо дар ягон НФС Тошканд бензин пайдо карда намешавад.

"Дар ҳама ҷо навбат аст. Субҳ ба НФС меравӣ ва дар якуним соат бензин тамом мешавад. Агар сари вақт расидӣ, мехарӣ агар не, пас дар НФС-и дигар навбат мегирӣ", - гуфт яке аз ронандаҳои Тошканд дар суҳбат бо хабарнигори бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Кормандони НФС пойтахти Ӯзбекистон мегӯянд, бензин барои он камёфт шудааст, ки аз анбор барояшон сӯзишворӣ кам ҷудо менамоянд. Норасоии бензин солҳои ахир дар Ӯзбекистон як падидаи маъмулӣ шудааст. Дар "Ӯзбекнафтмаҳсулот" низ қисман камбуди бензин дар НФС ин кишварро тасдиқ намуданд.

"Ҳар моҳ аз мо 30 ҳазор мошин бензин мегирад ва табиист, ки вақте ин қадар харидор дорад, тамом мешавад. Вале ба ҳар ҳол вазъи Тошканд дар муоқиса бо минтақаҳои дигар беҳтар аст. Зеро агар дар як НФС бензин набошад, дар дувумӣ ҳатман ҳаст", - гуфт яке аз кормандони "Ӯзбекнафтмаҳсулот".

Дар ҳоли ҳозир нархи давлатии бензини АИ-80 дар Ӯзбекистон 2 ҳазору 70 сӯм аст. Вале дар вилоятҳои ин кишвар навъи мазкури бензинро бо нархи бозор, наздик ба 3 ҳазор сӯм мефурӯшанд. Фарқияти нархи бензин дар Тошканд ва вилоятҳои Ӯзбекистон боис мешавад, ки сӯзишворӣ аз пойтахти ин кишвар ба миқдори зиёд кашонида шавад. Мушоҳидагарон бар инанд, ки камёфт шудани бензин ба оғози мавсиси сафарбаркунии умумии мардум барои ҷамъоварии пахта рабт дорад.

XS
SM
MD
LG