Ссылки доступа

Рӯзноманигорони тоҷик барои риоя накардани меъёри забон ҷарима мешаванд


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз рӯзноманигорон даъват кард, ки меъёрҳои забони давлатиро риоя кунанд. Дар сурати риоя нашудани меъёрҳо, намояндагони ВАО ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Гавҳар Шарофҳода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон 1 август дар нишасти хабарие гуфт, ахиран бо намояндагони расонаҳои давлатӣ мулоқот карда, риояи меъёрҳои забонро ба баррасӣ гирифтааст.

Шарофзода аз он изҳорӣ нигаронӣ кард, ки "рӯзноманигорон дар аксари ҳолат калимаҳои ношиносро дар маводашон истифода мебаранд". "Баъзан то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар дар матлаби рӯзноманигорон калимаҳое истифода мешавад, ки барои бинандаву шунаванда ношинос аст. Ба ин тартиб, меъёри қонуни забон вайрон мешавад", - мегӯяд вай.

Раиси кумитаи забон хабар дод, комиссияи вижае таъсис шудааст, ки барномаи ТВ ва радиоҳо ва ҳамчунин матни рӯзномаҳоро месанҷад. Аз ин ба баъд ҳамаи вайронкунандагони забони давлатӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гуфаи намояндагони кумита, ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоботҳо (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ва барои афродои ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳандаро дар бар хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG