Ссылки доступа

Парвандаи ишқварзиҳо дар қароргоҳи президенти Ӯзбекистон


Дар додгоҳи шаҳрии Тошканд муҳокимаи роҳбарони қароргоҳи маъруф ба "Туркистон", ки дар ихтиёри дастгоҳи президенти Ӯзбекистон аст, шуруъ шуд.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти махсуси Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ)-и Ӯзбекистон дар ҳудуди қароргоҳи давлатӣ 16 ҷуфти "ошиқон" дастгир шуданд. Миёни боздоштшудаҳо кормандони додситонӣ, ХАМ ва дигар мақомоти қудратӣ, ки утоқҳои қароргоҳро барои мулоқоти маҳрамонаашон бо занони сабукпо истифода мекардаанд, низ буданд.

Он замон 32 корманди мақомоти қудратӣ ба бинои ВКД оварда шуданд. Аммо баъди миёнаравии бевоситаи роҳбари дастгоҳи президенти Ӯзбекистон Зелимхон Ҳайдаров ин афрод ҷаримабандӣ ва раҳо шуда буданд. Аммо нисбати панҷ мансабдори қароргоҳи давлатии "Туркистон" парвандаи ҷиноятӣ таъсис шуд.

Расонаҳо менависанд, ҳадафи асосии амалиёти махсуси ХАМ Зелимхон Ҳайдаров будааст, ки чандест бо раиси ХАМ-и Ӯзбекистон Рустам Иноятов муносибатҳои сард дорад.

Зелимхон Ҳайдарови 70-сола дар замони шӯравӣ якҷо бо Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон дар Ҳизби коммунистии ин кишвар фаъолият кардааст. Вай дар соли 1993 ба ҳайси роҳбари дастгоҳи президенти ин кишвар таъйин шуд ва давоми 23 сол ба яке аз афроди пурнуфузи Ӯзбекистон табдил гардид.

XS
SM
MD
LG