Ссылки доступа

Толибон ба марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон наздик шудаанд


Ҳаракати Толибон ҳафтаи гузашта ноҳияи Қалъаи Зол дар вилояти Кундузи Афғонистонро, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст ва дар наздикии сарҳади Ӯзбекистон ҷойгир мебошад, ишғол кард.

Мақомоти ин кишвар дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир бештари ноҳияҳои вилояти Кундуз дар дасти Толибонанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳазорҳо сокини Қалъаи Зол, ки худ ҷамъан беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад, маҷбур шудаанд хонаҳояшонро тарк карда, ба маркази вилоят ё ба минтақаҳои дигар куч банданд.

Тирамоҳи соли гузашта шаҳри Кундуз, маркази ин вилоят чанд рӯз дар тасарруфи Толибон буд. Моҳи апрели соли равон нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон тавонистанд, бо кумаки низомиёни ИМА аз як ҳамлаи густардаи ҷангиён ба Кундуз пешгирӣ кунанд.

Барак Обама, президенти ИМА ибтидои моҳи июл гуфт, 8400 низомии Амрико то аввали соли 2017 дар Афғонистон хоҳанд монд. Ин дар ҳолест, ки Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон борҳо ҳушдор додааст, ки ихроҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон ба зиддияти миёни гуруҳҳои гуногун ва муноқишаҳои дохилӣ дар ин кишвар сабаб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG