Ссылки доступа

ИМА бо кишварҳои ОМ ҳамкориҳояшро густариш медиҳад (акс ва видео)


Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) даъват кард, ки ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ҳавасмандии рушди иқтисодӣ густариш дода шаванд.

Котиби давлатии ИМА гуфт, Иёлоти Муттаҳида масъулияти иҷрои як қатор лоиҳаҳоро дар ОМ бар зимма гирифтааст ва онҳоро то охир анҷом хоҳад дод.

Керрӣ зимни суханрониаш изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, савдо ва нақлиёт мусоидат намуда, ба афзоиши лоиҳаҳои энергетикии аз нигоҳи экологӣ тоза 15 миллион доллар ҷудо кардааст.

Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бе дудилагӣ аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар як кишвари ОМ ҳимоят менамояд. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин ба мушкилоти ҳуқуқи инсон дар кишварҳо, ки Вашингтонро нигарон кардааст, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Джон Керри поддержал новые проекты в Центральной Азии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Гуруҳи "С5 + 1", ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Иёлоти Муттаҳида шомиланд, бори нахуст дар ин сатҳ моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд дидору гуфтугӯ карда буданд.

Видеои бидуни логотипро метавонед, инҷо боргирӣ кунед: видео

XS
SM
MD
LG