Ссылки доступа

Русия ИМА-ро аз ҳамлаи кимиёӣ дар Ҳалаб огоҳ кард


Мақомоти Русия мегӯянд, шаҳри Ҳалаби Сурия 2 августи соли равон аз минтақаи зери идораи "мухолифони муътадил" ҳадафи маводи заҳролуд қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи ин ҳамла 7 нафар кушта ва 23 тани дигар бо нишонаҳои нафастангӣ ва сухтани роҳҳои нафас бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи Сергей Чварков, сардори Маркази Русия барои оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия, ҷониби Амрико аз ин огоҳ карда шудааст.

Хабаргузории ҳукуматии САНА-и Сурия рӯзи сешанбе хабар дод, ки шӯришгарон ба шаҳри Ҳалаб мушакҳои дорои кулоҳакҳои газдор сар додаанд. Вале мухолифони Сурия гуфтанд, ҳамлаи кимиёӣ кори режими Башор Асад аст.

Худи он рӯз Ҷон Кирбӣ, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт , Вашингтон хабари партофта шудани контейнерҳои гази заҳролудро дар шаҳри Саракеби Ҳалаби Сурия меомӯзад. Аз ҳамлаи кимиёӣ ба шаҳри Ҳалаб гуруҳи ихтиёрии "Мудофиаи шаҳрвандии Сурия" хабар дода буд, ки ба гуфтаи ин гуруҳ, дар натиҷаи он 33 сокини осоишта ҷон додаанд.

Ин ҳодиса дар маконе рух дод, ки рӯзи 1 августи соли равон чархболи Ми-8-и Русия суқут карда, дар натиҷаи 5 низомӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG