Ссылки доступа

Дар Туркия ҳукми боздошти Фатҳуллоҳ Гюлен содир шуд


Дар Туркия дастури боздошти руҳонӣ Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ИМА ба сар мебарад, содир шуд. Додгоҳи Истамбул бар ин қарор расид, ки маҳз вай "фармони табаддулоти 15 июлро додааст".

Гюлен даст доштани худро дар кӯшиши табаддулоти давлатии Туркия комилан рад мекунад. Ҳаракате, ки руҳонии фирории турк онро роҳбарӣ менамояд, даъво дорад, ки созмони вай дар Туркия танҳо ба фаъолияти хайрия машғул аст.

Анқара талаб дорад, ки Гюлен истирдод шавад, аммо дархости расмиро ба мақомоти ИМА ҳанӯз нафиристодааст.

Рӯзи панҷшанбе президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, ҳамаи ширкатҳои хусусии марбут ба мухолифонро аз дороиҳояшон маҳрум мекунад. Эрдуғон ҳамаи созмонҳои марбут ба Гюленро "лонаи терроризм" номид.

Дар Туркия аллакай бештар аз 10 ҳазор одам боздошт ва наздики 70 ҳазор хизматчии давлатӣ, пулис ва низомӣ аз мақом барканор шудаанд. Дар ин кишвар вазъи фавқулода эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG