Ссылки доступа

Маросими ифтитоҳи бозиҳои Рио-2016 ва эътирози баъзеҳо


Маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии 2016 дар майдони "Маракан"-и Рио-де-Жанейро имрӯз баргузор мешавад.

Бино ба иттилои телевизиони Си-эн-эн, ин маросимро наздики се миллион бинанда дар кишварҳои гуногун тамошо хоҳанд кард.

Александр Жуков, раиси Кумитаи олимпии Русия гуфтааст, ахиран аз Кумитаи байналмилалии Олимпӣ санадеро дарёфт намуд, ки ба иштироки 271 варзишагри рус дар бозиҳои Рио-де-Жанейро иҷоза медиҳад.

Ҳайати аввалияи тими миллии Русия иборат аз 387 варзишгар буд. Вале баъдан беш аз 100 тани онҳо аз ҳаққи иштирок дар ин Олимпиада маҳрум шуданд, ки миёнашон тақрибан тамоми аъзои тими мунтахаби варзиши сабуки Русия ҳаст.

Пулис рӯзи паншанбе бо истифода аз гази ашковар тазоҳургаронеро, ки мехостанд Оташи Олимпиро ба Рио-де-Жанейро роҳ надиҳанд, пароканда намуд. Садҳо эътирозгар дар шимоли шаҳр роҳеро, ки тавассути он бояд Оташи Олимпӣ оварда мешуд, бастанд. Дар таҷамуи эътирозӣ онҳое иштирок доштанд, ки намехостанд дар давраи буҳрон Олимпиада баргузор шавад.

Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ имсол аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG