Ссылки доступа

ВКД пешниҳод кард, ки Росгвардия қарздоронро "бехона" кунад


Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кард, то суд-иҷрочиён барои рондани қарздорон аз манзилҳои зисташон ва манъи фаъолияти афроди ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз нерӯи аъзои гвардияи миллии Русия (Росгвардия) истифода кунанд.

Лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба қонун дар бораи иҷрои ҳукми додгоҳҳо дар сомонаи расмии санадҳои меъёрӣ нашр шудааст.

Дар бораи таъсиси Росгвардия президенти Русия Владимир Путин 5 апрел хабар дода буд. Тибқи қонун, ниҳоди мазкур зидди терроризм мубориза мебарад, иншооти махсуси давлатиро ҳифз мекунад ва дастурҳои дигарро ба иҷро мераонад. Уҳдадории нерӯҳои дохилии ВКД: пешгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ дар маҳалҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ низ бар дӯши ин ниҳод вогузор мешавад. Нерӯҳои Росгвардия ҳаққи тафтиши мошинҳо, ворид шудан ба манзили шаҳрвандон, истифодаи нерӯи ҷисмонӣ ва силоҳи оташфишонро ҳангоми таҳдиди хатар ба ҷони худ ва ё шаҳрвандон, соҳиб мешаванд.

Роҳбари Росгвардия сарфармондеҳи нерӯҳои дохилӣ Виктор Золотов таъйин шуд, ки дар гузашта сардори хадамоти амнияти Путин буд. Ниҳоди нав мустақиман ба президент итоат мекунад.

XS
SM
MD
LG