Ссылки доступа

МТС то охири август Ӯзбекистонро тарк мекунад


Ширкати русии МТС то охири моҳи августи соли равон аз ҳайати муассисони ширкати мобилии Universal Mobile Systems (UMS), ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, берун хоҳад шуд. Дар ин бора РИА-новости хабар додааст.

Бино ба ин хабар, дороии МТС дар UMS ба ширкати мобилии "Ӯзмобайл", зертобеи ШСҶ "Ӯзбектелеком" - ширкати давлатии мухобироти Ӯзбекистон дода мешавад.

Universal Mobile Systems 1 декабри соли 2014 пас аз он ки ҳукумати Ӯзбекистон бо ширкати МТС баъди баҳсҳои додгоҳӣ созишномаи дӯстонаеро имзо карданд, фаъолияти тиҷоратии шабакаи алоқаи мобилиро дар ин кишвар шуруъ кард. Ҷонибҳо корхонаи муштарак таъсис доданд, ки 50,1%-и саҳмияҳои он ба ширкати русӣ ва бақия ба корхонаи давлатии Ӯзбекистон тааллуқ дошт.

Соли 2015 UMS шумори муштариёни худро 5,8 баробар нисбат ба соли 2014 афзоиш дод, ки теъдоди умумияшон ба 1,095 миллион корбар расида, саҳмаш дар бозори Ӯзбекистон то 5,4% бештар гардид.

Мақомоти Ӯзбекистон тобистони соли 2012 иҷозатномаи фаъолияти бахши пешини МТС дар ин кишвар - КМ "Ӯздунробита"-ро бозпас хонда, онро ба пардохти 600 миллион доллар вазифадор карданд ва ҳамчунин зидди раҳбарияташ парвандаи ҷиноӣ низ боз шуд. "Ӯздунробита" муфлис эътироф шуда, дороиҳояш ба ҳисоби "Ӯзбектелеком" гузашт.

XS
SM
MD
LG