Ссылки доступа

Назарбоев: ҳар касеро, ки "бо террористон робита дорад", ба Туркия медиҳем


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон зимни сафараш ба Туркия гуфт, ҳар касеро, ки дар литсейҳои туркӣ-қазоқӣ кор мекунад, агар "робитаҳои террористиаш" бо Фатҳуллоҳ Гюлен ошкор шавад, ба Туркия истирдод хоҳад кард. Назарбоев 5 август ба Туркия рафта буд.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон Фатҳуллоҳ Гюленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, ташкилкунандаи табаддулоти нофарҷоми давлатии 15 июл меномад. Баъди табаддулоти нофарҷом мақомоти Туркия аз ҳукуматҳои баъзеи кишварҳо хостанд, то муассисаҳои таълимии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюленро бибанданд.

Ба ин дархост дар кишварҳои гуногун вокунишҳои мухталифе садо дод. Барои мисол, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, Туркия наметавонад ба масоили маорифи кишвари дигар дахолат кунад. Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин гуфта буданд, ки литсейҳо қазоқӣ-туркӣ бо Гюлен робитае надоранд ва зери назорати ҳукумати Қазоқистон ҳастанд.

Президенти Туркия аз Остона хост, то ҳамаи 33 литсейеро, ки ба пиндори Анқара, ба Гюлен рабт доранд, бисанҷад.

"Ин мактабҳо зери назорати ҳукумат ҳастанд. Мо аз онҳое, ки ба Туркия таҳдид мекунанд, ҳимоят намекунем. Ин ба нафъи мо нест. Мо ба ин қарор расидем, ки ҳамаи ин мактабҳоро тафтиш хоҳем кард. Агар робитаи онҳо (бо Гюлен) исбот шавад, мо омӯзгоронро иваз мекунем", - гуфтааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG