Ссылки доступа

Дар Андиҷон трактору қолинҳои деҳқононро мусодира карданд


Ҷаласаи раҳбарияти ноҳияи Баликчини вилояти Андиҷон барои кишоварзоне, ки нақшаи давлатии гандумро иҷро накардаанд, ғамангез поён ёфт. Ҳокими ноҳия ба деҳқонони "танбал" маъракаи танбеҳдиҳии сарвазири Ӯзбекистонро ёдовар шудааст.

Дар доираи маъракае, ки зери унвони "Табарзин" (Ойболта) бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон роҳандозӣ гардидааст, молу мулки шахсӣ, аз ҷумла мошин, чорво ва техникаҳои кишоварзоне, ки нақшаи пахта ва гандумро иҷро накардаанд, мусодира хоҳад шуд.

Тавре яке аз деҳқонони Баликчин дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, ҳокими ин ноҳия Шуҳрат Абдураҳмонов кишоварзонро нахуст дар пеши мардум беобрӯ намуда, баъдан барои мусодираи молу мулкашон дастур додааст.

"Бо анҷом ёфтани ҷаласа зуд ба иҷрои дастури ҳоким пардохтанд. Аз хонаи Нодирбек Ҳакимов, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Ихтиёрхон ерларӣ" як трактору наздики 20 қолин ва палосро мусодира карданд. Ҳамаи ин ашёи маҷбуран мусодирашударо ба корхонаи пахтатозакунии Чинобод бурданд", - мегӯяд вай.

Мусодираи молу мулки деҳқонон дар ҳузури кормандони додситонии вилоят, мақомоти додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқу нозироти андоз сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки кишоварзони ӯзбек иҷро нашудани нақшаро ба камбуди тухмии хушсифат ва набудани дастгирии давлатӣ рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG