Ссылки доступа

Дар як теракт дар Покистон наздики 30 нафар кушта шуд


Дасти кам дар натиҷаи як теракт дар назди дарвозаи марказии шаҳри Кветта дар ҷанубу ғарби Покистон 30 нафар кушта шудааст.

Пулис хабар медиҳад, ки чанд тани дигар дар ин таркиш маҷруҳ шудааст. Ин ҳодиса баъди он ки ҷасади вакили машҳур Билол Каши, ки дар як тирпарронӣ кушта шуда ва ба бемористон оварда шуд, рух додааст.

То кунун ҳеч гуруҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Балуҷистони ҷанубу ғарбӣ хабар медиҳад, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Ҳамчунин ҳоло маълум нест, вакили машҳур Билол Каширо кӣ куштааст.

XS
SM
MD
LG