Ссылки доступа

Соҳибкорони ӯзбекро маҷбур доранд, ки ба бонкҳо пули нақд диҳанд


Сардори Шуъбаи хадамоти амнияти миллии ноҳияи Шерободи Ӯзбекистон ба соҳибкорони маҳаллӣ дастур додааст, ки нақшаи пардохти пули нақд ба бонкҳоро иҷро намоянд.

Ба гуфтаи яке аз тоҷирон, сардори шуъба Баҳром охирҳои моҳи июл ҷаласаеро баргузор карда, ҳамаи соҳибкоронро барои он ки ба бонкҳо пули нақд кам месупоранд, дашном додааст.

"Соҳиби тарабхонаи "Висол" Зафарро аз ҷояш хезонда, таҳдид кард. Ягона гуноҳи вай дар он буд, ки ба бонкҳо пули нақд кам месупоридааст. Баъди таҳдиди сардори шуъба Зафар тарсидааст ва ҳоло барои ҷамъоварии маблағ дар ба дари хонаи дӯстонаш мегардад", - афзуд вай.

Ба гуфтаи соҳибкори дигари маҳаллӣ, онҳоро вазифадор кардаанд, ки ҳар моҳ ба бонк 6 миллион сӯмӣ (930 доллари ИМА бо қурби "бозори сиёҳ") бисупоранд. "Ҳар рӯз ба зур 100-150 ҳазор сӯм кор мекунем. Боз омӯзгорону нафақахӯрон корти пластикӣ доранд ва ба онҳо бо пули нақд фурӯхта намешавад. Молро бо корти пластикӣ мефурӯшем ва баъдан ин пулро ба воситаи бархе нафарон, ки 18-25% ҳақ мегиранд, нақд мекунем. Ин пуле, ки аз мо талаб доранд, надорем", - мегӯяд соҳибкор.

Дар ҳамин ҳол, корманди шуъбаи Бонки миллии Ӯзбекистон дар Шеробод тасдиқ кардааст, ки кормандони амнияти маҳаллӣ дастур гирифтаанд, то раванди пардохти пули нақд ба бонкҳоро назорат кунанд.

XS
SM
MD
LG