Ссылки доступа

Инсулини бепул дар Тоҷикистон тамом шудааст


Доруи инсулин дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки барои беморони гирифтори диабети қанд бепул дода мешуд, ба поён расидааст.

Ин ҳол аз сабабе ба миён омадааст, ки ҳангоми таҳияи буҷаи соли 2016 барои харид ва тақсими ройгони инсулин пули кофӣ ҷудо нашудааст ва созмонҳои байнулмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро ба Тоҷикистон қатъ кардаанд.

Ин "ғамхорӣ"-и таҳиягарони буҷаи имсола ҳаёти 34 ҳазор бемори гирифтори диабети қандро дар Тоҷикистон зери хатар гузоштааст.

Масъулини Вазорати тандурустӣ эътироф мекунанд, ки захираи инсулини ройгон барои калонсолон тамом шуда, барои кӯдакони гирифтори диабети қанд, ки ин дору мисли обу ҳаво лозим аст, то охири моҳи август кифоят мекунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 8 август дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо муроҷиат карда, дархост кардаанд, ки ҳадди имкон барои хариди инсулин ва тақдими ройгони он ба ниёзмандон аз буҷаҳояшон пул ҷудо кунанд.

Аз 34 ҳазор нафаре, ки аз диабети қанд ранҷ мебаранд, беш аз 3 ҳазорашон расман камбизоат эътироф шудаанд ва тавони хариди инсулинро надоранд. Як шиша (флакон) доруи инсулин ҳоло аз 120 то 180 сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG