Ссылки доступа

Мулоқоти Путин ва Эрдуғон дар Санкт-Петербург баргузор мешавад


Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфтугӯ мекунанд. Ин гуфтугӯ ба хотири анҷом додани давраи танишҳо дар муносиботи ду кишвар баргузор мешавад. Дар остонаи ин мулоқот Эрдуғон дар Петербург гуфт, хоҳони "барқарорӣ"-и муносибот бо Русия аст.

"Дар муносиботи Русияву Туркия саҳифаи нав боз мешавад. Ин саҳифа дарбаргирандаи бахши ҳарбӣ, иқтисод ва фарҳанг хоҳад буд", - гуфтааст Эрдуғон дар мусоҳиба бо ТАСС.

Муносиботи ду кишвар баъди он ки дар моҳи ноябри соли 2015 нерӯҳои ҳавоии Туркия як ҳавопаймои низомии Русияро сарнагун карданд, бад шуд. Русия дар посух таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар нимаи аввали имсол шумори сайёҳони Русия дар Туркия якбора 87 фоиз кам шуд.

Мулоқоти ду президент дар пасманзари таниши муносибатҳои Анқара бо Ғарб сурат мегирад. Танишҳо миёни Туркия ва Ғарб баъди талоши табаддулоти нофарҷом дар Туркия, ки боиси марги 230 нафар гардид, сар заданд. Ба бовари Анқара, Ғарб бештар аз иқдомҳои ҷавобии Туркия нигарон аст, то ин ки аз талоши табаддулот нигарон бошад.

XS
SM
MD
LG