Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: аз се як ҳиссаи пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд


Тоҷикистон чанд сол боз аз таъсири тағйирёбии иқлим ранҷ мебарад ва нишонаи асосиаш обшавии пиряхҳост. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" дар Душанбе суҳбат кард.

Вай гуфт, дар даҳ соли гузашта тақрибан 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шуда ва ин раванд ҳанӯз идома дорад. Ба гуфтаи президент, тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях коҳиш ёфтааст.

"Дар ҳамин ҳол, дар соли ҷорӣ ба далели камобӣ поёнравии сатҳи оби дарёи Омӯ ва Сир ба андозаи то 30 дарсад мушоҳида шудааст", - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Қаблан, масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар баробари обшавии пиряхҳо дар кишвар, инчунин, ҳаракати пиряхҳо, ки дар даҳ сол як бор ҳаракат мекунанд, мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи президент, дар чунин вазъият роҳандозии мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об барои такмил ва таҳкими шаклу василаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаи об имкониятҳои навро дар сатҳҳои гуногун фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG