Ссылки доступа

СММ: дар Сурия ду миллион одам бе обу барқ мондааст


Йенс Лэрке, сухангӯи Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангии масоили башардӯстона зимни як нишасти хабарӣ дар Женева пайоварди вайрон шудани низоми обу барқтаъминкунии шаҳри Ҳалаби Сурияро фоҷеабор хондааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ҳамлаи ҳафтаи равон ба зерсохторҳои маданӣ дар Ҳалаб системаи обу барқтаъминкунии шаҳр зарари ҷиддӣ дида, беш аз ду миллион аҳоли бе обу барқ мондаанд.

"Обе, ки дар чоҳу анборҳо ҳаст, барои қонеъ кардани эҳтиёҷи сокинон намерасад. СММ аз он сахт нигарон аст, ки агар системаи обу барқтаъминкунӣ зуд барқарор карда нашавад, пайомадаш барои миллионҳо сокини шаҳр фоҷеабор хоҳад буд", - изҳор доштааст намояндаи СММ.

СММ даъват менамояд, ки дар амалиётҳои низомии Ҳалаб фавран таваққуфи башардӯстона эълон гардад, то ки барои таъмири зерсохторҳи зарурӣ ва расонидани кумак ба ниёзмандон зуд шароит фароҳам карда шавад.

Ибтидои моҳи июли соли равон нерӯҳои содиқ ба Башор Асад, президенти Сурия минтақаҳои зери идораи шӯришгаронро муҳосира карданд. Бино ба ҳисоби СММ, дар онҷо на камтар аз 250 ҳазор одам ба сар мебаранд. Шӯришгарон 7 августи соли равон роҳеро, ки ба воситаи он нерӯҳои Асад метавонистанд ба минтақаҳои ғарбии Ҳалаб бираванд, бастанд.

XS
SM
MD
LG