Ссылки доступа

Тоҷикистон воридоти равғани нахлро манъ кард


Воридот ва истифодаи равғани палма ё нахл дар корхонаҳои қаннодии Тоҷикистон манъ шуд.

Ин намуди равған аслан аз Малайзия, Эрон ва Покистон ба кишвар ворид ва дар истеҳсоли қаннодиҳову маҳсулоти ширӣ истифода мешуд.

Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуотии Агентии "Тоҷикстандарт" 10 август гуфт, соҳибкорони тоҷик асосан навъи техникии равғани палмаро ба далели арзон буданаш ба кишвар ворид мекарданд.

"Сифати равғани техникии палма аз ҳама навъҳои равған пасту арзонтар аст. Ҳарорати бадани одам 35-36 дараҷа аст, аммо ин равған дар ин дараҷа дар меъдаи инсон ҳал намешавад. Соҳибкорони тоҷик бештари вақт равғани палмаро бо равғани пахта омехта ва дар истеҳсоли қаннодиҳо истифода мебурданд. Ҳоло мо ворид ва истифодаи ин навъи равғанро манъ кардем ва ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи қаннодию ширӣ фаҳмондем, ки ба ҷои он аз равғани дигари безарар истифода баранд", - мегӯяд Ашӯров.

Ин дар ҳолест, ки агентии “Тоҷикистандарт” қаблан воридоти маҳсулоти эронӣ, аз ҷумла тухм, гӯшт ва пусти мурғу чойро низ манъ карда буд. Тасмими манъ замоне гирифта шуд, ки равобити Душанбею Теҳрон дар пайи даъвати раҳбари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳамоиши кишварҳои исломӣ дар пойтахти Эрон сард шуд.

Аммо раҳбарияти "Тоҷикстандарт" сиёсӣ будани манъи воридоти маҳсулоти мазкурро комилан рад мекунад. Сардори маркази матбуотии ин ниҳод мегӯяд, пас аз ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, талабот сахттар шудааст.

XS
SM
MD
LG