Ссылки доступа

Дар ду сол 45 ҳазор ҷангии ДИ кушта шудааст


Дар натиҷаи амалиёти низомии ду соли ахири зидди созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Ироқ ва Сурия наздики 45 ҳазор ҷангҷӯ кушта шудааст.

Бино ба иттилои DPA, дар ин бора Шон Макфарланд, фармондеҳи амалиёти ИМА дар Ироқу Сурия хабар дода, гуфтааст, шумори ҷангиён дар задухурдҳо коҳиш ёфта, пайвастани хориҷиён ба сафи ДИ низ кам шудааст. Аммо ба навиштаи Мавҷи Олмон, Макфарланд гуфтааст, ин рақам тахминӣ аст.

Қаблан хабар дода шуд, ки ИМА ва Фаронса барои анҷоми зарбаҳои ҳавоии муштарак зидди мавзеъҳои ДИ дар Мосули Ироқ омодагӣ мебинанд. Моҳи апрели соли равон Барак Обама, президенти ИМА гуфт, қасд доранд, Мосули Ироқ ва Раққаи Сурияро аз ҷангиёни ДИ озод намоянд.

Моҳи майи соли равон нерӯҳои ҳавоии ИМА аз норасоии бомбаҳои дақиқ барои анҷоми зарбаҳо зидди ДИ дар Ироқу Сурия хабар дода буд. Аз оғози маъракаи ИМА зидди ДИ то ҳол дар Сурия ва Ироқ беш аз 20 ҳазор бомба партофта шуда, ки ин ба анҷоми захираи таҷҳизоти ҳарбӣ сабаб гаштааст.

Эътилофи зиддитеррористии байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА аз моҳи августи соли 2014 инҷониб дар минтақа амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG