Ссылки доступа

Эътирози даҳҳо сокини Ню-Йорк ба қатли як имоми масҷид дар Куинс


Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА даҳҳо одам шоми шанбе баъди куштори имоми масҷиди маҳаллӣ бо нишони эътироз тазоҳурот намуданд, иттилоъ медиҳад Би-би-сӣ.

Ба гуфтаи эътирозгарон, куштор бар пояи бадбинии мусулмонҳо сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои нашрияи New York Daily News, иштирокдорони таҷамуи эътирозӣ ба афзоиши исломситезӣ дар ИМА Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳонро ба мақоми президентӣ айбдор кардаанд. Вай дар маъракаи пешазинтихоботияш пешниҳод кард, барои ҷилавгирӣ аз дохил шудани исломгароён вуруди мусулмонон муваққатан ба ИМА манъ карда шавад. Барои ин пешниҳод миллиардери амрикоӣ борҳо интиқод шудааст.

Рӯзи шанбе дар ноҳияи Куинси Ню-Йорк як имоми масҷиди маҳаллӣ ҳамроҳи ёвараш кушта шуданд. Пулис дар ҳоли ҳозир омилони куштор ва ҷузъиёти ҳодисаро муайян менамояд. Муфаттишон дар натиҷаи дӯздӣ сурат гирифтани кушторро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG