Ссылки доступа

Дар мактабҳои Қирғизистон фанни "Таърихи фарҳанги динӣ" ҷорӣ мешавад


Сар аз моҳи сентябри соли равон барои хонандаҳои синфи 9 ва 10-уми макотиби миёнаи Қирғизистон омӯзиши фанни "Таърихи фарҳанги динӣ" ҷорӣ мешавад.

Дар ин бора Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои дини Қирғизистон хабар дода, афзудааст, ки лоиҳаи мазкур ташаббуси Шӯрои мудофиаи ин кишвар аст.

Бино ба хабарҳо, мақомоти Қирғизистон талош доранд бо ин роҳ дониши хонандагони синфҳои болиро дар масъалаи дину таърихи он баланд бардоранд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамчунин ин кор метавонад, аз гаравидани ҷавонони қирғиз ба гурӯҳҳои ифротгаро бар пояи арзишҳои динӣ пешгирӣ кунад.

Дар доираи тарҳи мазкур Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои дин ва Вазорати маорифи Қирғизистон ба омӯзгорони 7 вилояту шаҳри Бишкек ва Ӯш усулҳои таълимии фанни "Таърихи фарҳанги динӣ"-ро меомӯзанд. Ба омӯзгорон муҳтавои фан ва таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар ин самт фаҳмонида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG