Ссылки доступа

Артиши Туркманистон дар баҳри Хазар машқҳои намунавӣ баргузор кард


Тавре расонаҳои маҳаллӣ менависанд, артиши Туркманистон ахиран дар баҳри Хазар ё Каспий машқҳои намоишии "Хазар-2016"-ро баргузор кардааст. Дар ин машқҳо нерӯҳои баҳрӣ, ҳавоӣ ва ҳамчунин нерӯҳои зиддимушакӣ, Вазорати амният, ВКД ва нерӯҳои марзбонии Туркманистон ширкат кардаанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, дар доираи амалиёти низомиву тактикӣ ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва дастгоҳҳои бесарнишини нерӯҳои марзбонӣ ва нерӯҳои ҳавоии Туркманистон истифода шудаанд. Он ҳавопаймоҳо ба минтақаи фазои баҳрӣ парвоз ва навор гирифта, ба ситоди марказӣ фиристодаанд.

Размоишҳо муваффақона арзёбӣ шудаанд.

Туркманистон охири моҳи марти соли ҷорӣ низ машқҳои густарда баргузор карда буд.

XS
SM
MD
LG