Ссылки доступа

Пурзӯр шудани назорати ширкатҳои хусусӣ дар Ӯзбекистон


Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон зимни ҷаласаи ғайринавбатии вакилони халқии Кенгаши вилояти Тошканд гуфтааст, нусхаи "пирамидаи Аҳмадбой", ки то ҳол дар ин вилоят фаъолият мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Сарвазири Ӯзбекистон ҳамчунин масъалаи муҷозоти ҳокими пешини ноҳияи Янгиюл ва сардори ШКД-и ноҳияро низ ба миён гузоштааст, ки бунёдгузори пирамидаи молӣ дар Чиназ Аҳмад Турсунов, маъруф ба "Аҳмадбой"-ро пуштибонӣ мекардаанд. Тавре маълум гардид, зидди ин афрод "санҷиши махсус" оғоз шудааст.

Инчунин манбаъ тасдиқ кард, санҷиши фаъолияти ширкати "Merkury leasing group", ки дар ноҳияи Зангиато сабти ном шуда ва ба Баҳодур Уринбоев, маъруф ба "Баҳо марлӣ" тааллуқ дорад, шуруъ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба мақомоти маҳалли вилояти Тошканд хабар дод, ки дар робита ба фаъолияти "Тухтасинбой", муассиси пирамидаи молии дигар, ки баъди пирамидаи "Аҳмадбой" дувумин аст, санҷиш оғоз шудааст.

Фаъолияти бештари корхонаҳои шахсӣ, ки бо сокинон ҳамкориҳои моддӣ доранд, дар Ӯзбекистон зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG