Ссылки доступа

Трамп ташкили комиссияи вижаро оид ба "Исломи радикалӣ" зарур донист


Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентии ИМА дар иёлати Оҳайо оид ба сиёсати хориҷӣ суханронӣ намуд.

Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Тарамп тартиби рӯйхати кишварҳоест, ки муҳоҷирати сокинонашон ба ИМА манъ карда мешавад.

Номзади ҷумҳурихоҳони ИМА ба мақоми президентӣ гуфт, алоқаманди ҳамкорӣ бо Русия дар мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" аст.

"Мо наметавонем барои худ дӯстонро таъйин кунем. Аммо ҳангоми таъсир расонидан ба душман ҳаққи иштибоҳ карданро низ надорем", - афзуд вай. Трамп ҷонибдоронашро мутақоид намуд, ки дар мубориза зидди "гуруҳҳои ифротгарои исломӣ" бо НАТО ҳамкории зичро ба роҳ мемонад.

Доналд Трамп афзуд, агар президенти ИМА интихоб шавад, кори нахустини ӯ таъсиси комиссия оид ба "Исломи радикалӣ" хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, Департаменти давлатӣ бояд феҳристи кишварҳоеро тартиб диҳад, ки шаҳрвандонашон барои дарёфти иҷозати муҳоҷират ба ИМА умед набанданд.

XS
SM
MD
LG