Ссылки доступа

Маскав аз Бишкек 37 миллион доллар талаб кардааст


Русия аз Қирғизистон талаб дорад 37 миллион доллареро, ки дар лоиҳаи нерӯгоҳҳои Норини болоӣ сармоягузорӣ кардааст, боз гардонад. Ҷониби Қирғизистон низ дар натиҷаи санҷиши мустақилу байнулмилалии иҷрои тарҳ розӣ шудааст, ки ин маблағро ба Русия бидиҳад.

Созишномаи бунёди "Қамбарота-1" ва силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло миёни ҳукумати Қирғизистону Русия расман 9 августи соли равон бекор гардид. Аз ин рӯ, Москва ҳоло мехоҳад, пулеро дар ин тарҳ сарф кардааст, бозпас гирад.

Созишномаи мазкур соли 2012 имзо шуда буд. Вале иҷрои он ба дарозо кашида, ҳукумати Қирғизистон низ ахиран тасмим гирифт, шартномаро бекор кунад. Комиссияи муваққатии вакилон, ки хароҷоти ҷониби Русияро тафтиш менамояд, ба хулосае расид, ки ҳаҷми маблағ чан маротиба зиёд нишон дода шудааст. Дар ниҳоят қарор шуд, хароҷоти Русия баъди санҷиши байналмилалӣ пардохта шавад.

Алманбет Шикмаматов, раҳбари ин комиссия мегӯяд, ҳангоми пардохти хароҷоти Русия бояд қайд шавад, ки пулҳо сарфу лоиҳа пурра иҷро нагардидааст ва як қисми маблағ низ дубора ба Русия бозпас фиристода шудааст.

"Ҳатман бояд зикр шавад, ки ҷониби Русия моро бо ваъдаҳояш фирефта намуд, ки бароямон нерӯгоҳ месозад. Аммо баъди гуфтушунид бо Ӯзбекистон маблағгузории лоиҳаро қатъ кард", - афзуд вай.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ин маблағро чи гуна ба Русия пардохт менамояд. Дар ҳоли ҳозир чанд роҳи пардохт, бахусус аз пули буҷа ё пешниҳоди ҳисса ба Русия баъди анҷоми сохтмон ва ё аз ҳисоби сармоягузори нав мавриди омӯзиш аст.

XS
SM
MD
LG