Ссылки доступа

Қирғизистон ҳукми қатлро барои "педофилҳо" баррасӣ мекунад


Ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Онугуу-Прогресс" дар Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи ҷорӣ кардани ҳукми қатл ба "педофилҳо" ё кӯдакозоронро ба баррасии умум гузошт.

Тибқи ин лоиҳа, пешбинӣ шудааст, ки дар моддаи 21-и Конститутсияи ин кишвар ҷумлаи "Ҳукми қатл манъ аст, ба истиснои содир кардани ҷиноят зидди дахлнопазирии ҷинсии атфоли хурдсол" ворид шавад.

Лоиҳаи қонунро бо он асоснок кардаанд, ки дар сурати қабул шудани лоиҳаи мазкур шумори ҷиноятҳои мудҳиш, зӯроварӣ нисбати кӯдакони хурдсол кам мешавад.

Бино бар иттилои расмӣ, дар Қирғизистон сатҳи хушунати хонаводагӣ ва хушунат нисбати кӯдакон афзоиш меёбад. Дар соли 2015 1019 ҷиноят нисбати кӯдакон, аз ҷумла 182 ҷинояти шаҳвонӣ сабт шудааст. 74 кӯдак таҷовуз шудааст.

XS
SM
MD
LG