Ссылки доступа

Хадамоти иктишофии Украина: Русия Қримро ба пойгоҳи низомӣ табдил медиҳад


Русия ба Қрими ғасбшуда системаи аслиҳаи наву техникаҳои ҳарбӣ ҷойгир менамояд, то ин нимҷазираро ба пойгоҳи низомӣ табдил диҳад. Ин нуктаро Вадим Скибитский, намояндаи Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина дар суҳбат бо телевизиони "шабакаи 5" иброз доштааст.

Скибитский гуфтааст, аз ҳама бештар ба Украина техникаи ҳарбие хатар дорад, ки ҳомили силоҳи ядроӣ аст. Бино ба иттилои хадамоти иктишофии Украина, Русия теъдоди киштиҳои зериобӣ, дидбонӣ ва киштиҳои мушакиро, ки метавонанд охирин навъи маҷмуаи мушакҳоро истифода баранд, афзоиш дода, ҳамчунин нерӯҳои ҳавоии худро дар Қрим пурзӯр менамояд.

"Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ҳамлаи ошкорои Русияро аз эҳтимол дур намедонад ва аз ин рӯ, интиқоли аслиҳаву техникаҳои низомиро бодиққат назорат мекунад", - афзуд Скибитский.

Рӯзи сешанбе хадамоти иктишофии Украина хабар дод, ки Русия боз ба Донбасс аслиҳаву техникаҳои низомӣ, аз ҷумла танкаҳои Т-64 ва зиреҳпӯшҳои БТР интиқол додааст. Ба ҷуз ин, дар ноҳияи Горловка ду маҷмуаи иктишофии радиолокатсионии Русия ҷойгир карда шудааст.

Хадамоти федералии Русия 10 август хабар дод, ки аз як амали террористии хадамоти иктишофии Украина дар Қрим пешгирӣ намуд. Киев ин иддаоро рад карда, онро ҳангомаи хадамоти махсуси Русия хонд. Петр Порошенко, президенти Украина дастур дод, омодагии ҳарбии артиши кишвараш дар марз бо Қрим пурзӯр карда шавад.

XS
SM
MD
LG