Ссылки доступа

Назорат ба матолиби телевизиону радиоҳои Тоҷикистон пурзӯр мешавад


Бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио фаъолияти шӯрои эҷодиро пурзӯр менамояд, ки масъули танзими матолиби шабакаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори нави "Самтгириҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021"-ро қабул кард. Яке аз вазифаҳои ин санад – тақвияти нақши шӯрои эҷодӣ дар назди Кумитаи радиову телевизиони кишвар мешавад, ки аз назари аҳли матбуот – эҳтимолан шабеҳи "Главлит"-и замони Шӯравист.

Қарори нав ҳимоя ва тарғиби манфиатҳои миллиро ҳадаф қарор дода, доираи мавзӯъҳоро ҳам барои расонаҳо муайян кардааст. Ба бовари аҳли назар, ин кор сензураи ошкорои радиову телевизион, аз ҷумла шабакаҳои ғайридавлатӣ хоҳад буд.

Аммо Фаррух Зиёев, раиси шабакаи давлатии Радиои Тоҷикистон ин қарорро "сензураи давлатӣ" намеҳисобад. Вай мегӯяд, ҳукумат акнун зарурати "таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар"-ро дарк кардааст.

Бар пояи омори расмӣ, дар кишвар 72 ТВ ва радиои давлативу ғайридавлатӣ сабтином шуда, аз инҳо 20 ТВ ва 16 радиои мустақил ҳамарӯза фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG