Ссылки доступа

Додситон барои Гюлен ду ҳабси абад ва 1900 соли зиндон талаб кард


Айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, созмондиҳандаи эҳтимолии табаддулоти нофарҷом дар Туркия ба 2 ҳабси абад ва 1900 соли зиндони иловагӣ маҳкум шавад.

Дар хулосаи айбдоркунанда, аз ҷумла омадааст, руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки муқими ИМА аст, "кӯшиш намуд, бо зӯрӣ ҳукумати конститутсиониро сарнагун намояд" ва ҳамчунин "гуруҳҳи террористиеро таъсис дода, раҳбарӣ намудааст".

Дар доираи ин парванда ба ҷуз Гюлен, исми 111 нафари дигар низ гирифта мешавад, ки 13 танашон дар ҳабси пешакӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳоро аз ду соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Аъзои "Созмони террористии Гюлен " дар он айбдор мешаванд, ки гӯиё барои ғасби ҳукумат ба муассисаҳои давлатии Туркия ворид шудаанд. Бар пояи фарзияи муфаттишон, гуруҳи Гюлен барои созмон додани табаддулот бунёдҳо, мактабҳои хусусӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, ВАО ва ширкатҳои бимаро истифода кардааст. Ба ҷуз ин, гӯиё ҷонибдорони Гюлен ба воситаи ширкатҳои пинҳонӣ ба ИМА пул интиқол додаанд.

Парвандаи Гюленро Додгоҳи вилояти Ушаки Туркия аз моҳи сентябри соли гузашта, дақиқтараш пеш аз табаддулот баррасӣ менамояд.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия сурат гирифт. Як рӯз баъд президент Раҷаб Тайиб Урдуғон дар ташкили ин исён Гюленро, ки аз соли 1999 инҷониб дар ИМА зиндагӣ мекунад, айбдор кард. Бо гумони даст доштан дар ин ошӯб наздики 10 ҳазор гумонбар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG