Ссылки доступа

Дар Қирғизистон рӯйдодҳои соли 1916-ро "наслкушӣ" номиданд


Комиссияи иҷтимоӣ дар Қирғизистон ба ин хулоса расид, ки саркуби сартосарии шӯриши соли 1916 аз сӯи Русияи подшоҳӣ қатли ом буд.

Тавре роҳбари комиссия Азимбек Бекназаров хабар дод, онҳо дар асоси маълумоти бойгоние, ки аз ҳукумати Русия ва Чин дастрас кардаанд, ба ин хулоса расидаанд.

Дар замони Ҷанги аввали ҷаҳонӣ маъракаи иҷбории ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кандани хандақ ва ёрии низомӣ роҳандозӣ шуда буд. Бисёре аз қазоқҳову қирғизҳо мухолифи маърака баромад карданд. Эҳтимол меравад, дастаҳои ҷазодиҳанда аз 100 то 270 ҳазор қирғизро қатл карда, ки дар натиҷа садҳо ҳазори дигар ба вилояти худмухтори Уйғури Чин фирор карда буданд.

Рӯйдоди соли 1916 дар ҳудуди Қирғизистони муосир дар китобҳои таърихи шӯравӣ дарҷ нашуда буд. Шӯриши Қазоқистонро ҳамчун исён зидди бойҳо ва Русияи подшоҳӣ номида буданд, ки ба инқилоби сотсиалистии соли 1917 мусоидат карда буд. Моҳи апрели соли ҷорӣ раиси порлумони Русия Сергей Наришкин қатли омро рад кард, гуфт, "сад сол пеш ҳамаи миллатҳо талафот дода буданд".

XS
SM
MD
LG