Ссылки доступа

Сокини Оқтеппаро "барои даъват ба теракт дар Русия" зиндонӣ мекунанд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон парвандаи тундгарои эҳтимолии исломиро, ки "ба анҷоми теракт дар Русия даъват карда буд", баррасӣ мекунад.

Абдраев А.Х. бар асоси моддаи "Таблиғи терроризм ва ё даъвати оммавӣ ба анҷоми амали террористӣ" айбдор мешавад.

Бино бар иттилои тафтишот, сокини Оқтеппа Абдраев моҳи марти соли ҷорӣ "бо ҳадафи таъсир расонидан ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккур"-и ду дӯсташ "борҳо аз амалиёти зиддитеррористии Русия дар Сурия норозигӣ баён карда, гуфтааст, дар ҳудуди Русия амали террористӣ анҷом дода шавад".

Баҳси додгоҳӣ аз рӯи ин парванда идома дорад. Дар сурати исботи гуноҳи Абдраев, ӯро аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG