Ссылки доступа

Туркманистон дар Афғонистон роҳи оҳан месозад


Сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон боиси афзоиши робитаҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа хоҳад шуд, хабар медиҳад ҳукумати Туркманистон.

Марҳилаи аввали лоиҳа бунёди ду қитъаи роҳ: роҳи 85-километрии Отамурод-Имомназар дар ҳудуди Туркманистон ва қитъаи 38-километрии аз Имомназар то маҳалли аҳолинишини Андхой дар ҳудуди Афғонистонро дар назар дорад.

"Дар ҳоли ҳозир заминаи роҳи оҳан то истгоҳи Имомназар кашида шудааст. Ҳамзамон кашидани хати барқ, сохтмони зерсохторӣ дар истгоҳи Гулистон ва Имомназар, бунёди ду пули роҳи оҳан дар ин қитъа идома дорад", - омадааст дар хабар.

"Бунёди чанд иншооти муштарак бо Афғонистон ба рушди иқтисодии Афғонистон такони нав бахшида, масоили муҳими иҷтимоиро ҳал ва аҳолии маҳаллиро бо ҷои кор таъмин мекунад", - менависанд расонаҳои туркманӣ.

XS
SM
MD
LG