Ссылки доступа

Сара Сюэлл: эътирозҳои замини Қазоқистонро Вашингтон ташкил накардааст


Сара Сюэлл, муовини котиби давлатии ИМА дар умури амнияти шаҳрвандӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон зимни сафараш ба Остонаи Қазоқистон бархе аз иттиҳомотеро, ки мегуфтанд, "эътирозҳои машҳур ба замини Қазоқистонро Вашингтон ташкил кардааст", рад намуд.

Ин ҳарфҳоро вай "хеле хандадор" номид. Хонум Сюэлл бо як сафари чаҳор рӯза дар Қазоқистон ҳузур дорад.

- Яке аз зуҳуроти демократия - ин озодии баён, ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот аст. Имкони расонидани фикри худ ба ҳукумат. Мутаассифона, ҳукумат шароит фароҳам накардааст, ки одамон фикри худро озодона бирасонанд. Баъзан одамон ҳарфи ашхоси алоҳида, созмонҳо, роҳбаронашонро ҳамчун афкори иҷтимоӣ қабул мекунанд. Ин дуруст нест, - мегӯяд Сара Сюэлл.

Муовини котиби давлатии ИМА мегӯяд, вай дар ин сафараш бо аъзои ҳукумати Қазоқистон масоили тағйирот дар қонунгузории созмонҳои иҷтимоӣ ва кодекси андозро баррасӣ кардааст.

Намояндагони расмии Остона ба ӯ эътимод бахшидаанд, ки тағйироти қабулшуда монеъи фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG